Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар Тоҷикистон бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо иштироки 130 нафар кӯдак аз кишварҳои СҲШ баргузор гардид

24 июня 2021 03:06

Количество просмотров: 6825

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ва иштироки зиёда аз 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид.

Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ имкон медиҳанд, ки омилҳои ҳамкории судмандро, ки дар консепсияи мавҷудият ва фаъолияти СҲШ ҷой дода шудаанд, татбиқ гардад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон як навъ пуле шудааст, ки на танҳо сиёсатмадорон, дипломатҳо ва дигар шахсиятҳоро, балки кӯдаконро ба ҳам васл мекунад, ки дӯстӣ ва таассуроти онҳо тамоми умр боқӣ мемонад ва дӯстони наве, ки онҳо дар рафти муошират пайдо мекунанд, барои муттаҳидшавии бештар ва самараноки кишварҳоямон дар оянда мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд, ва ҷамъомади  имрӯза ҳамчун нахустин ва муҳим дар доираи ин Созмон ба таърихи СҲШ ворид хоҳад шуд, муҳим барои он аст, ки он бо фарзандони мо бо ояндаи мо иртибот дорад ва имрӯз мо дидем, ки он ҳамчун намояндагони тамоми гулдастаи фарҳангҳои халқҳои кишварҳои СҲШ ояндадор ва гуногунранг хоҳад буд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки фарҳанги пурғановат ва анъанаҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, инчунин  ба корҳои созанда ҷиҳати таҳкими дӯстӣ байни халқҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, минтақаи СҲШ машғул шаванд.

Сатҳи баланди байналмилалии баргузории ин чорабинӣ, инчунин муоширати мустақими кӯдакон бо ҳамдигар нишон медиҳанд, ки халқҳои кишварҳои СҲШ дар мисоли худ ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро байни худ нишон медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои башардӯстӣ, инчунин ҳамкории дар асоси эҳтироми мутақобила ва риояи манфиатҳои кишварҳои СҲШ бунёдшударо тарғиб кунанд.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи озмун 25 июни соли равон  дар муассисаи мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо “Ифихорнома” ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

   IMG_6492.jpg

IMG_6512.jpg