2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 1 | 2 | 3 | |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
21 января 2020 04:01
Количество просмотров: 22023
Монографияи (энсиклопедияи биографии) дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Парвин Раймалихон таҳти унвони «Кто есть кто в Афганистане», (Шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохта дар Афғонистон), дар нашриёти LAMBERT Academic Publishing (Ҷумҳурии Федеративии Германия), бо забони русӣ ва дар ҳаҷми 416 саҳифа ба нашр расид.
Нашри сеюми такмилёфтаи монографияи мазкур тарҷумаи ҳоли намояндагони элитаи сиёсӣ, ҳарбӣ, маъмурӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва динии Афғонистонро аз оғози асри гузашта то имрӯз дар бар мегирад. Ҳамзамон дар монографияи мазкур маълумот дар бораи ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ шудааст.
Забони сода ва оммафаҳми китоби мазкур имкон медиҳад, ки он барои тамоми шавқмандон, донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорони ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносӣ, сиёсатшиносӣ, таърих ва шарқшиносӣ, ҳамзамон барои гурӯҳи васеи муҳаққиқон, ки ба омӯзиши «масъалаи Афғонистон» машғуланд, ҷолиби диққат бошад.
Мавриди зикр аст, ки муаллифи мазкур барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шуд.