Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар Душанбе «Китоби роҳ ва фазилат»-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд

16 января 2020 03:01

Количество просмотров: 30958

15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири  машҳури Чини қадим  Лао-Сзи бо номи «Дао дэ сзин» («Китоби роҳ ва фазилат») бо забони тоҷикӣ чоп шуд. Мураттиби китоб  Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.

«Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб дар таърихи башар аст, ки масири фарҳанги ҷаҳонро садсолаҳо пеш муайян кардааст. Ба рози шуҳрат ва мондагории ин асари бостонӣ хонанда аз нашри ҳозир, ки нахустин тарҷумаи «Дао дэ сзин» ба забони тоҷикӣ мебошад, пай хоҳад бурд.

Барои пайравони даосизм ва миллионҳо алоқамандони фалсафа дар ҷаҳон «Дао дэ сзин» на танҳо асари дӯстдошта, ҳамчунин дастури ҳушмандӣ, роҳнамо дар пайроҳаҳои печидаи сарнавишт ва умуман, китобест, ки метавонад ба инсон шеваи зиндагии фарзона ва ҳадафмандро ёд диҳад.

Мураттибу ҳайати таҳририяи китоб умедворанд: «Дао дэ сзин» – ёдгори қадимаи андешаҳои файласуфи шаҳири чинӣ,- ки барҳақ «китоби фарзона»-аш ном мебаранд ва инак, ба китобдӯстони тоҷик тақдим мегардад, дархури завқу табъи хонандаи гиромӣ хоҳад гашт

.