2020 | 2021 | 2022 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
28 | 29 | 30 | 1 | 2 | 3 | |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
16 января 2020 03:01
Количество просмотров: 30211
15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири машҳури Чини қадим Лао-Сзи бо номи «Дао дэ сзин» («Китоби роҳ ва фазилат») бо забони тоҷикӣ чоп шуд. Мураттиби китоб Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.
«Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб дар таърихи башар аст, ки масири фарҳанги ҷаҳонро садсолаҳо пеш муайян кардааст. Ба рози шуҳрат ва мондагории ин асари бостонӣ хонанда аз нашри ҳозир, ки нахустин тарҷумаи «Дао дэ сзин» ба забони тоҷикӣ мебошад, пай хоҳад бурд.
Барои пайравони даосизм ва миллионҳо алоқамандони фалсафа дар ҷаҳон «Дао дэ сзин» на танҳо асари дӯстдошта, ҳамчунин дастури ҳушмандӣ, роҳнамо дар пайроҳаҳои печидаи сарнавишт ва умуман, китобест, ки метавонад ба инсон шеваи зиндагии фарзона ва ҳадафмандро ёд диҳад.
Мураттибу ҳайати таҳририяи китоб умедворанд: «Дао дэ сзин» – ёдгори қадимаи андешаҳои файласуфи шаҳири чинӣ,- ки барҳақ «китоби фарзона»-аш ном мебаранд ва инак, ба китобдӯстони тоҷик тақдим мегардад, дархури завқу табъи хонандаи гиромӣ хоҳад гашт
.