Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дар даври шаҳрии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибон қадрдонӣ шуданд

27 Октября 2021 08:10

Количество просмотров: 318

Дирӯз дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибоне, ки аз рӯйи ҳафт номина иштирок намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Дар маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонӣ  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омўзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имконияти илм дар амал маҳсуб ёфта, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, дар доираи амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бори аввал роҳандозӣ мегардад.

Мавсуф инчунин иброз намуд, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои амри мазкур тамоми чораҳоро амалӣ намуда, дар ин самт пеш аз ҳама, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 майи соли 2021 «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расонида шуд, ки қарори мазкур масъалаи ташкили даври шаҳрии озмун ва ҳавасмандгардонии ғолибони онро аз рӯйи бахшҳои алоҳида бо пешбинӣ намудани мукофотпулиҳо муқаррар намуд».

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе ба сабқати воқеии ҳаводорони илм ва навоварону навҷӯён табдил ёфта, дар даврҳои аввали он шумораи зиёди довталабон ширкат намуда, 273 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ дар даври шаҳрии он ширкат намуданд. Даври шаҳрии озмун аз 4 то 6и октябр аз рӯйи ҳафт номина байни хонандагону донишҷӯён, ходимони илм ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор гардида, дар натиҷа ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби ходимони шинохтаи илми ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд, муқаррар карда шуданд. Зикр гардид, ки барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 1 млн 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, дар баробари ғолибони озмун бо пайравӣ ба сиёсат ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат 35 нафар омӯзгорони хонандагоне, ки шогирдонашон дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд, низ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир ба ифтихори ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз ҷониби наврасони соҳибистеъдод барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

IMG_9391.jpg

IMG_9482.jpg