Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

2 октября 2020 08:10

Количество просмотров: 15359

ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ! 

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон 

   Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!
  Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
  Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо – кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб меёбад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд. Дарвоқеъ, пешаи омӯзгорӣ дар ҳама давру замон кори пурифтихору пуршараф буду ҳаст ва мемонад. Вобаста ба ҳамин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст». Гузашта аз ин, бузургони илму адабамон низ дар тавсифу ситоиши омӯзгор ҳамчун раҳнамову роҳкушо суханҳои пурқимат гуфтаанд. Аз ҷумла, Камоллидини Биноӣ дар қитъаи машҳури худ мартабаи омӯзгор ва ё ҳаққи устодро аз падар боло медонад:

 XCYmT8hk3kOEmERRtx8e.jpg 

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
   Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кору фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид гашт, омӯзгорон машғулиятҳои худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад. Маҳз иҷрои вазифаҳои бузург мақому манзалати омӯзгоронро дар ҷомеаи мо болотар намуда, талошҳои онҳо дар назди давлат эътибори бештар пайдо кард. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳо барои ҳамагуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои судманди падару модар ва ҷомеа, қадршиносии онҳо бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи ташаббусҳоеанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудаанд. Яке аз охирин иқдом дар ин самт аз 1 сентябри соли равон 15 дарсад зиёд шудани маоши омӯзгорон бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
   Ҳамчунин, иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли нави таҳсил дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, суханрониҳо дар ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ боиси рӯҳбаландии аҳли маорифи кишвар мегардад.
   Омӯзгорони муҳтарам!
  Замони муосир дар назди ҳар нафари аҳли маориф талаботи навро мегузорад ва аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамқадами замон гардида, дар вусъати ислоҳоти соҳа, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва тайёр кардани шогирдони забондону мусаллаҳ бо донишҳои техникиву технологии муосир ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот масъулияти бештар дошта бошем. Ҳамчунин, дар иҷрои нақшаҳои дарпешистода, аз ҷумла, сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофу таҳкими илмҳои бунёдӣ дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» саҳми босазо гузорем.
   Бо ин ниятҳои нек, устодон ва омӯзгорони гиромӣ, ки бо заковату дониши баланд дар назди ҷомеа маҳбубияти хоса доред, ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва дастовардҳои бештари эҷодӣ таманно дорам.

   Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!