Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Боздиди Иштирокчиёни Анҷумани VI омӯзгорон ва Кормандони Соҳаи Маорифи Кишварҳои Иштирокчии ИДМ

Боздиди Иштирокчиёни Анҷумани VI омӯзгорон ва Кормандони Соҳаи Маорифи Кишварҳои Иштирокчии ИДМ Боздиди Иштирокчиёни Анҷумани VI омӯзгорон ва Кормандони Соҳаи Маорифи Кишварҳои Иштирокчии ИДМ Боздиди Иштирокчиёни Анҷумани VI омӯзгорон ва Кормандони Соҳаи Маорифи Кишварҳои Иштирокчии ИДМ

28 октября 2021 11:10

Количество просмотров: 6982

Иштирокчиёни Анҷумани VI Омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нахустин фестивали байналмилалии маҳорати педагогӣ аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Меҳмононро роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ғайратзода  Лайло Диловар, Ҷонишини директор оид ба олимпиада Чубенко Лилия Владимировна,  Ҷонишини директор оид ба таълим Назарова Рухсора Саъдуллоевна, Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатуллоҳ Исмоил ва омӯзгорони фаъоли Литсей истиқбол гирифтанд. 

Ҳамчунин меҳмонон дар рафти дидор бо хонандагони фаъоли литсей вохӯри намуда аз маҳорати баланди онҳо қаноатманд шуданд. Инчунин аз синфхонаҳои "Тенологияҳои иттилоотӣ", "Технологияи меҳнат", "Физика", "Химия", "Математика", "Забони русӣ",  "Китобхонаи Литсей" дидан намуданд. 

249866094_440072760795298_5732035927519121279_n.jpg  249866071_440072480795326_5093168397155243972_n.jpg 

250405627_440072667461974_7355615193846011331_n.jpg 249397546_423944229121254_6615108101262823907_n (1).jpg

249995038_440072437461997_8912354423004025955_n.jpg

Ёдовар мешавем, ки Санаи 28-уми октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони “Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манбаи стратегии рушди устувор” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва кормандон соҳаи маорифи ҷумҳуриҳои Россия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Дар маросими ифтитоҳӣ ва қисмати пленарии Анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Казак Галина Николаевна, ҳамраиси Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ Шведкой Михаил Ефимович, муовини котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ - вакили мухтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, муовини вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Андреасян Жанна Арамовна, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Кадлубай Александр Владимирович, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Каринова Шолпан Танатовна, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷусупбекова Надира Сынташевна, муовини аввали вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович, ҷонишини директори Институти илмӣ - тадқиқотии ба номи А. Авлонии Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пардаева Меҳринисо Дониёровна, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм суханронӣ карданд.
Сипас, Анҷуман аз рӯйи 5 номинатсия: муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф; вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ; муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили корҳои таълимӣ дар ташкилотҳои таълимии кишварҳои ИДМ; фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ байни ташкилотҳои таълимии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ; ҳамкорӣ дар вусъат, паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ идома ёфт. Омӯзгорону кормандони кишварҳои узви ИДМ вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дар номинатсияҳо ширкат варзида, табодули афкор намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ду сол як маротиба доир мегардад ва он ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳо ва механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар рафти Анҷуман ба 19 нафар омӯзгор ва корманди соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» супорида шуд ва иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи “Наврўз” ва Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дидан намуданд. 

249643071_440072704128637_823905465898757005_n.jpg