Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Бори аввал намоиши нигораҳои таърихии тоҷикон дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад

24 января 2020 10:01

Количество просмотров: 16997

14 октябр бори аввал Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, 23 январ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуе мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими корҳои омодагӣ ба баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж табодули афкор намуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки барои бо сифати баланд анҷом додани  корҳои омодагӣ ба намоишгоҳ бояд гурӯҳи корӣ ҳар моҳ як бор ҷамъ шуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ намояд.

Тавре Ясмин Гуедар иброз дошт, «ин имконияти хубест, ки тавассути он тамоми зебоиҳои табиии ин давлат ва таърихи нотакрорашро ба мардуми Франсия нишон диҳем. Ман фикр мекунам, ки дар Париж Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷикро бисёр меписанданд».

Ҳамчунин зимни мулоқот дигар масъалаҳо, мисли эълон намудани тендер барои интихоби ширкати ҳавопаймоӣ барои бурда расонидани нигораҳо ба Париж ва ширкате, ки бояд нигораҳоро борпеч намояд, инчунин масъалаи бехатарии нигораҳо баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон нашри феҳристи намоишгоҳ бо забонҳои гуногун, ташкили барномаи фарҳангӣ дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ ва намоиши филмҳои тоҷикӣ ё наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2017  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода барои иштирок дар Конференсияи генералии ЮНЕСКО  ба Франсия сафар намуда буданд.

Зимни ин сафар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Франсия, инчунин роҳбарияти Осорхонаи Гимеи Париж доир шуд. Зимни он ба нақша гирифта шуд, ки дар Осорхонаи Гимеи Париж намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон доир гардад.