Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Барои Шоҳҷоизаи озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 70 000 сомонӣ муқаррар шудааст

12 февраля 2020 12:02

Количество просмотров: 22679

Имсол барои Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои Шоҳҷоизаи озмун 70 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2019 баргузор шуд. Он аз рӯи панҷ номинатси я- оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида, Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Имсол ба низомномаи озмун навгонӣ ва тағйироти куллӣ ворид намуданд.

Тавре сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз намуд, соли гузашта озмун аз рӯйи панҷ номинатсия доир гардид, ки дар ҳар номинатсия се ҷой муқаррар гардида буд.

Мавсуф зикр кард, ки «имсол номинатсияҳои ровигӣ ва шоирӣ ба Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуданд. Чунки ин ду номинатсия ба озмуни мазкур наздикӣ доранд. Озмуни навбатӣ аз рӯи се номинатсия- оҳангсоз, сароянда, навозанда, ки ҳар кадом боз се жанр- академӣ, анъанавӣ ва эстрадиро дар бар мегиранд, доир мешавад.

Дар жанрҳои аввал як ҷойӣ ва жанрҳои дуввум, сеюм, чорум ва панҷуми он ду ҷой муайян гардидаанд, ки маблағи он аз 50 000 сомонӣ, 30 000 сомонӣ, 25 000 сомонӣ, 20 000 сомонӣ ва 15 000 сомонӣ иборат буда, дар маҷмӯъ 9 нафар бо маблағҳои муайян сарфароз мегарданд».

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Озмун дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг, соҳаи маориф, хусусӣ, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин миёни композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, иштирокчиёни филармония, театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳия, аъзои ансамблҳои таронаю рақс ва фолклорӣ, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият менамоянд, гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дар Низомномаи озмун омадааст, ки «дар озмун шахсони шинохтаи фарҳангу санъат, мутрибону сарояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ-касбӣ ширкат карда наметавонанд. Ҳамзамон як шахс наметавонад дар ду номинатсия ширкат намояд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, соли гузашта озмун дар мамлакат бори аввал баргузор гардид ва аз камбудиҳо холӣ набуд. Дар давраҳои аввали баргузории он мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва бахши фарҳанг моҳияти озмунро дуруст дарк накарда буданд. Имсол ҷавонони ноҳияҳои дурдасти мамлакат ҳамарӯза бо ташкилкунандагони озмун дар тамос шуда, оғози онро интизоранд.

«Баргузории чунин озмунҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд. Ҳамчунин аз миёни онҳо чеҳраҳои нави санъати тоҷик дарёфт мегарданд»,- иброз намуд Мирзоолим Саидов.