Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Баргузории ҷаласаи кумитаи тадорукоти олимпиадаи байналмилалии “ISI JUNIOR-2022” дар шаҳри Душанбе

24 июня 2022 09:06

Количество просмотров: 11297

Санаи 24.06.2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022” таҳти раёсати Исмоилзода Баҳром Мансур - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа инчунин Асҳобиддини Шералӣ - директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”- котиби масъули Кумитаи тадорукот, аъзоён Каримзода Шавкат - директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шҳари Душанбе”, Аминҷонзода Парвина - сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, директорони Марказҳои ноҳиявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои пойтахт ва директорони Литсейи №1, 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва директори “Литсейи интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Сараввал Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М. вобаста ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2022, №89 “Дар бораи баргузории Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022” аз фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе маълумот дода, қайд намуд, ки Олимпиадаи мазкур бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд баргузор карда мешавад.
Дар идома ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022” ба масъулин ва шахсони вобасташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон атрофи масъалаи ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар мавзуҳои “Роҳҳои дарёфт ва омода намудани хонандагон ба олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022”, “Олипиадаи фаннӣ чун воситаи ташаккули заҳираҳои зеҳнии шахсият” ва “Ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ дар олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқ ва фарқияти онҳо аз ҳалли масъалаҳои анъанавӣ” ибрози андеша карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022” дар шаҳари Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ аз санаи 1 то 7 июли соли 2022 баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад 27 дастаҳои олимпии наврасон бо шумораи 158 нафар хонандагон ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белоруссия, Афғонистон, Туркаминстон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.
Ҳамзамон хонандагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки шумораи онҳо 134 нафарро ташкил медиҳанд ба тариқи фосилавӣ дар Олимпиадаи мазкур ширкат меварзанд.
Инчунин дар рафти ҷаласа зикр гардид, ки ташкилу баргузории Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022” дар пойтахти кишварамон ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.