Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ба хонандагони Литсей – интернати президентӣ наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ ҷиҳати пешгирии COVID-19 пешниҳод гардид

Ба хонандагони Литсей – интернати президентӣ наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ ҷиҳати пешгирии COVID-19 пешниҳод гардид Ба хонандагони Литсей – интернати президентӣ наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ ҷиҳати пешгирии COVID-19 пешниҳод гардид

22 апреля 2020 12:04

Количество просмотров: 15360

Санаи 14.04.2020 Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон”ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии пандемияи COVID-19 корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуданд.

Тавре аз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи татбиқи Нақшаи амали ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чорабиниҳои зиддиэпидемӣ ҳангоми пандемияи короновирус COVID-19 сурат гирифтанд.

«Масъулин бо нишон додани наворҳои омӯзишии видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ, ки дар онҳо дар бораи чораҳои бехатарӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ ба табибон ҳагоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои короновирус маълумот дода мешаванд, оид ба пандемияи COVID-19  сухан гуфта,  аҳолиро аз оқибатҳои хатарбори риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҳушдор доданд»

Муаллимону хонандагони муассисаи таълимӣ аз омӯзиши видеоӣ ва филмҳои аниматсионии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд ва фикру ақидаҳои худро оиди пешгирии ин вируси хатарнок баён намуданд.

20200414_110224.jpg

Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 роҳандозӣ намудааст. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад.  Сокинони мамлакат  метавонанд дар ҳолати  мушоҳидаи  нишонаҳои нахустини вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.

Коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд ва то имрӯз зиёда аз 200 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифт. 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро расман пандемия эълон кард.

Аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси мазкур дар Чин Тоҷикистон барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, ҳамаи нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди миллии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуд. Инчунин дар ҳамаи вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда,  фаъол мебошанд.

16 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карда, дар ин робита ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ситоди ҷумҳуриявӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат  пайваста  тақвият мебахшанд.