Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Аз таърихи пайдоиши коғаз

31 марта 2020 02:03

Количество просмотров: 16688

Ҳанўз соли 650- мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифода шуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби  коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чуннад: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад, кисоли  751 лашкари чинӣ аз дарёи Тироз гузошта, ба шаҳри Ҷамбул наздик мешавад. Ҳокими онвақтаи Самарқанд- Абулмуслим сипоҳи худро барои муҳофизати қаламраваш мефиристонад.

 Дар байни онҳо задухӯрди сахте сурат мегирад, дар натиҷа 20 ҳазор сарбози чинӣ асир меафтанд. Дар байни асирон чандин нафар косибон ҳунармандон аз ҷумла устоҳои коғазгар низ будаанд. Онҳо барои ҳифзи ҷони худ ин ҳунарро ба суғдиён ошкор менамоянд. Ҳаминтавр санъати коғазгарӣ дар Самарқанд густариш меёбад ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Коғази самарқандиро тоҷирон ба арабу форс, Ҳинд ва Хоразм мебурданд. Чунонуи миқдори зиёди дастхатҳои порсию арабии асри IX-X дар коғази самарқандӣ иншо шудаанд.

 Бинобар ривоятҳои таърихӣ, иддае аз санъатгарони чинӣ, ки дар соли 750 мелодӣ дар канораи рудхонаи Тироз ба асорати Зиёд ибни Солеҳ сардори мусалмонон даромаданд, коғазсозиро ба самарқандиён омўхтанд. Кам-кам ин санъат дар онҷо равнақ ёфт ва коғази Самарқанд мояи тиҷоратӣ барои мардуми Самарқанд ва аз колоҳои машҳур ва мунҳасир маъруф гардид, ки тавлиди он бисёр ва ба ҳама кишварҳои ҷаҳон содир мешуд. То поёни саддаи X мелодӣ коғази самарқандӣ дар кишварҳои исломӣ комилан ривоҷ ёфт.

Шакли комили мақолаи ҳамкорамон Шукрона Каримзодаро ин ҷо бихонед:

Таърихи пайдоиши  коғаз