2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 1 | 2 | 3 | |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
21 февраля 2020 01:02
Количество просмотров: 19336
Яке аз рукнҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар кишвар доштани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ зиндагии осоиштаи мардум, истиқлолият ва якпорчагии марзу буми Ватанро аз душманони ошкору пинҳон ҳифз менамояд.
Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистон бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд
Халқи тоҷик дар тўли таърихи чандинасраи худ ҳеҷ гоҳ ҷаҳлро аз хирад боло нагузоштааст. Гузаштагони мо танҳо ба хотири дифои арзу буми хеш ба муқобили аҷнабиёни истилогар силоҳ бардоштанд. Номи фарзандони қаҳрамони тоҷик, ба мисли Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик ва дигарон, ки барои озодию истиқлоли кишвар мубориза бурдаанд, дар лавҳи хотири халқ абадӣ нақш бастааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки «мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд
Рўзи 23 – уми феврал яке аз идҳои шарафманд ва дўстдоштаи тамоми халқ, аз ҷумла хонандагони мактаб мебошад. Тавассути ин ид дар хонандагон нисбат ба муҳофизати Ватан ҳисси ифтихору эҳтиром ва муҳаббат парварида мешавад. Хонандагон дар чорабиниҳои ҳарбӣ – ватандўстӣ, ки дар рафти сол дар мактаб мегузаранд, иштирок намуда, дар бораи таърихи гузаштаи халқу давлати тоҷикон, дар бораи анъанаҳои гузаштаи шўҳратманди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ донишҳои нав ба нав ҳосил мекунанд.
Мақсаду вазифа ва моҳияти асосии он дар хонандагон тарбия кардани ҳушёрӣ, зиракӣ, далерӣ, чолокӣ, солимӣ, дар коллектив якҷоя амал ва зиндагӣ карда тавонистан, ба ибораи дигар, тайёр кардани муҳофизони ояндаи Ватан аст.
Лашкари Ватан