Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДА АЗ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ-ГУМАНИТАРӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7-8

10 мая 2022 07:05

Количество просмотров: 5257

7-8-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Баъди ифтитоҳи озмун хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон доданд. 
Дар олимпиадаи мазкур 947 нафар хонанда - аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 438 нафар ва аз муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав 509 нафар иштирок намуда, аз шумораи умумӣ 410 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ (75 медали тилло, 107 медали нуқра ва 228 медали биринҷӣ) гардиданд.
Натиҷаҳо собит намуд, ки хонандагони боистеъдоди шаҳри Душанбе бо дарёфти 179 ҷойи ифтихорӣ (35 ҷойи якум, 48 ҷойи дуюм, 96 ҷойи сеюм) сазовори мақоми аввал, вилояти Хатлон бо дарёфти 103 ҷойи ифтихорӣ (17 ҷойи якум, 30 ҷойи дуюм, 56 ҷойи сеюм)  сазовори мақоми дуюм, вилояти Суғд бо дарёфти 94 ҷойи ифтихорӣ (14 ҷойи якум, 24 ҷойи дуюм, 56 ҷойи сеюм) сазовори мақоми сеюм, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо дарёфти 22 ҷойи ифтихорӣ (7 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм) сазовори мақоми чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарёфти 12 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) сазовори мақоми панҷум гардиданд. Дар маҷмуъ, хонандагони муассисаҳои типи нав (литсей ва гимназияҳо)-и ҷумҳурӣ 227 ҷойи ифтихорӣ (55,3 %) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 183 ҷойи ифтихорӣ (44,6 %)-ро соҳиб гардиданд.
Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон дод, ки дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Сино бо гирифтани 97 ҷойи ифтихорӣ (21 ҷойи якум, 27 ҷойи дуюм ва 49 ҷойи сеюм) мақоми аввал, ноҳияи Шоҳмансур бо гирифтани 31 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 12 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) мақоми дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 30 ҷойи ифтихорӣ (8 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 18 ҷойи сеюм) мақоми сеюм, ноҳияи Данғара бо гирифтани 29 ҷойи ифтихорӣ (6 ҷойи якум, 12 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) мақоми чорум,  шаҳри Исфара бо гирифтани 24 ҷойи ифтихорӣ  (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) мақоми панҷум, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 21 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 13 ҷойи сеюм) мақоми шашум, ноҳияи Б. Ғафуров бо гирифтани 19 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм) мақоми ҳафтум, шаҳри Бохтар бо гирифтани 15 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 9 ҷойи сеюм) мақоми ҳафтум, шаҳри Кӯлоб бо гирифтани 13 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 9 ҷойи сеюм) мақоми нуҳум ва ноҳияи Спитамен бо гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) мақоми даҳумро ишғол намудаанд.

БАХТОВАР САФАРОВ,
корманди маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм