Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ҷамбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар соли 2023

13 мая 2023 10:05

Количество просмотров: 1165

Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми майи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 5-6 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (аз фанни математика, аз фанни биология, аз фанни география ва аз фанни технологияи иттилоотӣ) баргузор гардид.
Дар олимпиадаҳои мазкур 726 нафар хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар озмун 179 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (3 нафар сазовори медали тилло, 32 нафар сазовори медали нуқра ва 144 нафар сазовори медали биринҷӣ) гардиданд.
Натиҷаи ҷамбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ - риёзӣ нишон дод, ки хонандагони вилояти Суғд сазовори 67 ҷойи ифтихорӣ (5 медали нуқра ва 62 медали биринҷӣ), шаҳри Душанбе сазовори 58 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 17 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ), вилояти Хатлон сазовори 34 ҷойи ифтихорӣ (7 медали нуқра ва 27 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд.
Ҷамъбасти озмун маълум намуд, ки хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 39 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 11 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ) ҷойи якум, ноҳияи Б. Ғафуров бо гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ) ҷойи дуюм ва шаҳри Кӯлоб бо гирифтани 15 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Айнӣ, Ванҷ, Варзоб, Вахш, Дӯстӣ, Истаравшан, Левакант, Н. Хусрав, Панҷ, Панҷакент, Рашт , Рӯдакӣ, Темурмалик, Ховалинг, Хуросон, Ҳамадонӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Шаҳристон, Шаҳритус иштирок намуда, мутаасифона, сазовори ягон ҷойи ифтихорӣ нагардиданд. Шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Истиқлол, Ишкошим, Кӯҳистони Мастчоҳ, Қубодиён, Лахш, Мурғоб, Муъминобод, Нуробод, Роғун, Рушон, Сангвор, Тоҷикобод, Турсунзода дар умум иштирок накарданд.
Маросими ҷоизасупорӣ пас аз ҷамъбасти олимпиадаҳо барои хонандагони синфҳои дигар дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон