Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Академик Раҳим Марупов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт

13 Января 2020 01:01

Количество просмотров: 11493

Дирӯз, 12 январи соли 2020 риштаи умри яке аз олимони фарзонаи миллати тоҷик, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Марупов дар синни 84 — солагӣ канда шуд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ордени «Дӯстлик», Директори фахрии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаҳои охирини ҳаёти хеш ҳамчун сарходими илмии лабораторияи спектроскопияи молекулавии институти мазкур фаъолият намуданд. Таҳқиқоти бунёдии устод Раҳим Марупов, кашфиётҳо ва коркардҳои илмиашон махсусан дар соҳаҳои спектроскопияи молекулавӣ, физикаи полимерҳо, физикаи молекулавӣ ва химияи физикӣ илми ҷаҳониро ғанӣ гардонида, ба он саҳифаҳои навро ворид намуданд. Устод Раҳим Марупов ҳамчун олими нуктасанҷу ғамхор дар роҳбарӣ ва омода намудани насли нави олимони тоҷик – кадрҳои баландихтисоси соҳаи физикаю техника низ саҳми бузург гузоштанд, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд.

Хотираи неки устоди шодравон Раҳим Марупов ҳамеша дар қалби ҷомеаи илмӣ – олимон, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ва ҷасорату мардонагӣ дар роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд.

Ҳайати олимону кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабари аз ҳаёт рафтани устоди азиз Раҳим Марупов сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва пайвандону наздикони устод пуртоқатӣ ва сабри ҷамил мехоҳанд.