Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад

10 ноября 2021 12:11

Количество просмотров: 5532

Аз 15 то 20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»  Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ,  омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон роҳандозӣ мегардад.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи ҳафтаи мазкур баргузории Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, намоишгоҳи дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе дар назар аст.

Дар охири ҳафта ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсати маориф ва Мактаби рушди истеъдодҳо тақдим мегардад.

Манбаъ аз сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "/АМИТ «Ховар»/": https://khovar.tj/2021/11/aftai-ilm-tehnologiya-innovatsiya-va-ihtirokorii-navrasonu-avononi-sha-ri-...

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №652 АЗ 09.11.2021