Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Аҳли илму одаби тоҷик дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин адиби маъруф ёд карданд

28 января 2020 08:01

Количество просмотров: 20504

Имрӯз аҳли илму одаби кишвар дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин шоир, нависанда, драмнавис ва публисисти маъруфи тоҷик, ки дар рӯзи тавваллудаш соли 2009 дар синни 74-солагӣ аз олам гузаштааст, ёд карданд. Наримон Бақозода адибест, ки дар ташаккули як насли баркамол саҳми муҳим гузоштааст ва махсусан  шеърҳои барои кӯдакон эҷокардааш байни мактабхонҳои на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз  он низ  хеле машҳур буданд. 

Наримон Бақозода 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи рӯзномаи «Овози тоҷик» зода шудааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дохил  мешавад. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), нашриёти «Ирфон», киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», маҷаллаи «Машъал» ва Кумитаи ҳимояи  сулҳи Тоҷикистон кор кардааст.

Нахустин шеъри шоир соли 1954 нашр шудааст. Сипас, яке пайи ҳам маҷмӯъаҳои ашъори шоир бо номҳои «Гулдара», «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо», «Сурнайчӣ», «Оши ҳалол», «Шаш ҳикояти пахта», «Дафтари мо кони панҷ», «Алифбои дилкушо», «Иди Алифбо омад» чоп шуданд.

Аз рӯи навиштаҳои шоир ва драмнавис  дар театрҳои пойтахти Тоҷикистон  чандин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Наримон Бақозода муаллифи нахустин операҳои кӯдаконаи тоҷикӣ («Хонаи заргӯш-бибӣ» ва «Ҷингилапо») мебошад. Муаллифи сенарияи филми «Пули ларзон» аст.

Наримон Бақозода бо унвони Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва як силсила нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст.