Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2011 2012 2013
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъд аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона мераванд

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пас аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона, ки то 31 август идома меёбад, фиристода мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки аз 25  сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расид. Тибқи он ба Низомном...

ХАТМКУНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ АЗ ОЗМОИШИ ПЕШАКИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЗАШТАНД

Бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолият дар самти интихоби касб, инчунин омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар заминаи Маркази баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ кулли хатмкунандагони муассисаи таълимӣ аз имтиҳонҳои пешакии ...

Ғолибони нахустин Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология муайян шуданд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 24 апрел маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли нахустин Олимпиадаи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор гардид. Дар он дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Дастаи хонандагони  ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ  сазовори ҷойи дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯда...

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз...

Суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Шӯрои илм, маориф ва инноватсия! Ҳозирини гиромӣ! Соли гузашта дар Рӯзи дониш доир ба таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода будем. Ҳадафи асосии мо аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад. Аз солҳои 2000–ум инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ПЕШВО"

Имрӯз бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ғайратзода Л.Д. – директори муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пешво” Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор карда шуд. Тибқи рӯзномаи Маҷлиси ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Пешво” давоми семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Ҳамчунин Исмоилзода Б.М. бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз ваз...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз! Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад. Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбаш...

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ҷамъбаст шуд

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар он аз чор ноҳияи пойтахт сенафарӣ иштирок намуданд, ки чор нафари онҳо омӯзгори Литсейи Президентӣ Ҳушанг Собиров, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душ...

Мактаббачагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Менделеев оид ба химия ширкат меварзанд

Хонандагони Тоҷикистон дар 55-умин Олимпиадаи байналмилалии Менделеев аз фанни химия барои  мактаббачагон (IMO-55) баромад мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва, ки ташкилкунандаи олимпиада мебошад, иттилоъ медиҳад. Олимпиадаи Менделеев аз фанни химия барои мактаббачагон — озмуни бузурги байналмилалӣ мебошад. Он дар ИҶШС ҳамчун Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз фанни химия соли 1967 шурӯъ шуда буд. Вазифаҳоро барои...

Баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, №621 “Дар бораи Низомномаи озмуни “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” 6 апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври дуюми (шаҳрии) озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар даври дуюми озмун 12 нафар омӯзгорон аз муассисаҳо...