2016 | 2017 | 2018 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” намояндагони кумитаи тадорукоти озмун, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ширкат варзиданд. Қайд кардан ба маврид ...
Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои мазкур 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои шакли нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок менамоянд. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар ...
Санаи 3.04.2022 дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” идомаи даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, тибқи Низомномаи озмун бахши амалӣ баргузор гардид. Лозим ба қайд аст, ки дар рӯзи дуввум вобаста ба бахши амалии даври ноҳиявии озмуни мазкур аз рӯйи 2 шарте, ки дар низомномаи озмун муқаррар гардидааст, яъне: - “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон); - “Қироати шеър” (бо се забон) байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия...
2-юми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо ...
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2022, №86 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ”, даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид. Озмун бо мақсади мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани за...
Осорхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд шанбеи охири ҳар моҳ барои хонандагони то синфи 4-и муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври ройгон Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд. Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин иқдомро ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат — дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ тарбия намудани кӯдакон ва наврасон равона намудааст. Хонандагон...
Қайд кардан ба маврид аст, ки пас аз маросими кушодашавии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” бахши назариявии озмуни мазкур дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” оғоз гардид. Аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” вобаста ба баргузории бахши назариявии озмуни мазкур маълумот дода шуд. Вобаста ба ин, иштирокчиён дар бахши назариявӣ аз рӯйи шартҳои зерин рақобат намуданд: - “Эссе” (бо се забон...
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2017, №363 “Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе” озмуни "Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе " Барои солҳои хониши 2021 -2022 эълон гардида буд. Имрӯз бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душа...
Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардида, то 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад. Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, фе...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям. Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад. Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои с...