2022 | 2023 | 2024 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
29 | 30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 1 | 2 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
8 Ноября 2021 03:11
Количество просмотров: 3157
Рӯзҳои 31-уми октябр то 7-уми ноябр соли 2021 дар Ҷумҳурии Туркия 13-умин Олимпиадаи байналмилалии Анталия баргузор гардид, ки дар он 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзиданд. Дар ҷамъбаст 39 нафар иштирокчиёни олимпиада ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштанд. Аз ин шумора 10 нафар сазовори ҷойи 1, 12 нафар сазовори ҷойи 2 ва 17 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд.
Ҳамзамон, бо назардошти касби ҷойҳои бештари ифтихорӣ аз фанни забони англисӣ ба дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе Ҷоми олимпиада аз фанни забони англисӣ тақдим карда шуд. Дастоварди навбатии хонандагони пойтахт бори дигар шаҳодат медиҳад, ки тадбирҳои амалӣ кардаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт беҳтарин шароити таълиму тадрис фароҳам оварда шудаанд, ки натиҷаи ин иқдомот ноил гардидан ба дараҷаи баланди сатҳи дониши хонандагон на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ин аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Ғолибону иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалиро дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва наздикону пайвандонашон бо як самимияти хоса истиқбол намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки хонандагон барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” зери роҳбарии омӯзгорони ботаҷриба омода гардиданд.