Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

28 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

22 февраля 2021 01:02

Количество просмотров: 11642

Табрикоти Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Муҳтарам афсарон ва сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

 Ҳамватанони азиз,

Имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии бистуҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизу маҳбубамон қарор дорем. Бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон бо камоли ифтихор ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр табрику таҳният гуфта, ба шумоён тансиҳатии комил, хонаи ободу саодати рузгор ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали барқароршавии ҳукумати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳкими қувваҳои мусаллаҳ ҳис карда мешуд, зеро давлат бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ, ки нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат мебошад, вуҷуд дошта наметавонад.

Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои бисёр мушкил ва ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон заминаи воқеӣ мавҷуд набуд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шуравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисахои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгуи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Бо ҷой доштани чунин ҳолат Ҳукумати ҷавон ва навтаъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, масъалаи дар муҳлатҳои кутоҳтарин ташкил намудани артиши миллиро ба миён гузошт ва 18 – уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҳарчанд рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд ва нарасидани техникаву силоҳу муҳимоти ҷангӣ ҳар лаҳза эҳсос мешуд, бори аввал 23 феврали соли 1993 дар Душанбе паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд.

Мо мардум болида аз он ҳастем, ки дар диёри биҳиштосоямон бо донишу ғайрат, заковату садоқат ва талошу ҷонбозиҳои фарзанди бонангу номуси Ватан, Пешвои миллат сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳ, субот, оромӣ, осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта, умеди устувор ба зиндагии имрўзу оянда фароҳам оварда шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан мебошад, ҳамеша бо эҳтиром аз онҳо ёд намуда, гиромӣ медоранд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки дар зарфи бисту ҳашт сол Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд ва мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.

Таърих гувоҳи он аст, ки  миллати бофарҳанги тоҷик дар гузаштаи бисёрҳазорсолаи худ ҳеҷ гоҳ зӯровариро аз неруи ақлонӣ боло нагузошта, даъвои забти мулки бегона накардааст. Гузаштагони мо танҳо ҳамон вақт ба истифодаи нерӯ иқдом карда буданд, ки аҷнабиён ба истилои сарзамини муқаддаси онҳо даст задаанд. Ин аст, ки ному корномаи қаҳрамонони миллати тоҷик, ба монанди Спитамену Деваштич ва Муқаннаъу Темурмалик дар саҳифаҳои таърихи халқамон ҳамчун ҳомиёни сарзамини аҷдодӣ ба таври абадӣ зинда мондааст.

Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумоёнро бори дигар ба ифтихори ҷашни бистуҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику муборакбод мегӯям. Ба шумо саодатмандии ҷовидона, бардамӣ, рӯҳи поку беғубор ва дар адои қарзи муқаддасу мардонаатон ҳифзи Ватани озоду соҳибистиқлоламон сиҳатии комил, самимияту садоқат, неруву иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо беназирро таманно дорам!

28 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!