2022 | 2023 | 2024 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 22 | |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
30 августа 2021 01:08
Количество просмотров: 6934
Дар соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои ҷаҳонии сатҳи олидоштаи фаннӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) ва 1 ифтихорнома гардиданд.
Яке аз ин олимпиадаҳо Олимпиадаи байналмилалӣ «IMO-2021» аз фанни математика мебошад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо иштироки 110 давлат сурат гирифт. Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ иборат аз 6 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 3 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар Олимпиадаи байналмилалии «IChO 2021» аз фанни химия, ки дар шаҳри Нагасаки кишвари Ҷопон байни 86 давлат баргузор гардид, 4 нафар хонанда аз ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори 2 медали нуқра гардиданд.
Рӯзҳои 20-27 июни соли ҷорӣ дар кишвари Сингапур Олимпиадаи байналмилалии фосилавии «IOI 2021» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур зиёда аз 80 кишвари дунё иштирок намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар хонандаи болаёқат муаррифӣ намуда, сазовори 1 медали нуқра гардиданд.
Дар шаҳри Лисабони кишвари Португалия 32-юмин Олимпиадаи байналмилалии фосилавии «IBO-2021» аз фанни биология дар байни 77 кишвари дунё баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 даста иборат аз 4 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 1 медали биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ, дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар 28 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 116 медал – 18 медали тилло, 34 медали нуқра, 64 медали биринҷӣ ва 31 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.