Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рўзи дониш таҷлил мешавад

16 августа 2021 10:08

Количество просмотров: 7288

Дар Рўзи дониш - 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, таълим тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора сармутахасcиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабохон  Одилова иттилоъ дод. Мавсуф иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 таътил дар Тоҷикистон қабл аз муҳлати муқаррарӣ оғоз гардида буд ва соли хониши 2020-2021 аз 17 август шурўъ шуд. Ин ҳолат бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷорӣ гардид. Имрўзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардидааст. Тибқи Низомномаи намунавӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми 3х4, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кўдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷойи зист талаб карда мешавад.  М.  Одилова зикр намуд, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли таҳсили 2021-2022 давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ ба муҳлати 10 рўз - аз 10 то 20 август муқаррар карда шудааст. Ҳар сол барномаи омодашавӣ аз 1 август шурўъ мешуд, имсол бо дарназардошти пандемияи коронавирус ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки  он аз 10 август оғоз шавад. Акнун хонандагони синфи якум аз 10 то 20 август аз давраи мутобиқшавӣ гузашта, мисли дигар хонандагон таҳсилро аз 1 сентябр оғоз мекунанд.

Ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат корҳои безараргардонӣ ҷараён доранд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шарикони рушд нақша дорад, ки бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати пешгирӣ ва безараргардонӣ корҳои омўзиширо ба роҳ монад.