Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад

29 октября 2020 11:10

Количество просмотров: 16418

1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ иборат аз 299 номгӯй барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст. Инчунин дар давраи таътили тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи бузургдошти адибони тоҷик гузаронида мешавад.

Дар ин давра даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола зимни таътили зимистона гузаронида мешавад. Он аз моҳи ноябр дар байни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, ҳафтаи адибон ва таҷлили 26-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷалб  намояд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» баргузор мегарданд. Дар вақти таътил хонандагоне, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, омодагӣ мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шӯроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ  қарор дода мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:

-таътили тирамоҳӣ:   10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр)

-таътили зимистона: 10 рӯз (аз 1 то 10 январ)

-таътили баҳорӣ:       7 рӯз (аз 25 то 31 март)

-таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.

Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф сурат мегирад.