Муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.02.1998, №60 таъсис ёфтааст.
Литсей як намуди нави муассисаи миёнаи таҳсилоти умумӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дар бораи гирифтани маълумоти миёнаи асосӣ ва таълимоти миёнаи умумӣ таъмин менамояд.
Директорони литсей:
МУХТАСАРИ ШАРҲИ ҲОЛ
Исмоилзода Баҳром Мансур 12 июни соли 1975 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1992, пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Темурмалик ба факултаи математикаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Соли 1994 аз тариқи гузариш таҳсилро дар факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, онро соли 1997 бомуваффақият хатм намуд.
Фаъолияти меҳнатиаш соли 1996 ба сифати омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Душанбе шурӯъ гардид. Минбаъд, аз соли 1997 то соли 2000-ум омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар литсей №55-и шаҳри Душанбе буд.
Солҳои 2000-2005 дар литсейи зикршуда ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолияти пурмаҳсул дошт. Аз соли 2005 то соли 2009-ум дар вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Душанбе фаъолият карда, солҳои 2009-2015 директории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанберо ба зиммааш гузоштанд.
Аз 27 феврали соли 2015 директори Муассисаи давталии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.
Соли 2014 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд.