Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Вазорати маориф ва илм барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф озмун эълон намуд

05.02.2020

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2020 озмун эълон намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба хабари манбаъ, ба диққати сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ расонида мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар озмун ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 март  номзадҳои худро пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки ҷоизаи мазкур тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 таъсис дода шудааст. Ҷоиза дорои  панҷ мукофот буда, маблағи умумии он 2 ҳазор доллари амрикоиро  ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар соҳаи маориф 34 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шудаанд.

Озмун барои гирифтани Ҷоиза дар ду сол як маротиба доир мегардад. Ҷоиза аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.