Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


ТАВАҶҶУҲ! Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд

24.01.2020

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре муассисаи мазкур ба маълумоти довталабон мерасонад, барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Украина  аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардидааст.

«Вазорати федеролии маориф, илм ва тадқиқоти Австрия озмуни нави стипендияҳоро ба номи «Френс Верфел», «Рихард Плашка»  ва «Эрнст Мах» барои хатмкунандагон, донишҷӯён ва олимон эълон намудааст», — омадааст дар эълони Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва тазаккур дода шудааст, ки стипендияҳои мазкур дар давраи соли хониши 2020-2021 барои таҳсил дар донишгоҳҳои мухталифи Австрия ва бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешбинӣ гардидаанд. Маълумоти пурраро вобаста ба ин стипендияҳо метавон дар сомонаи www.grants.at пайдо намуд.

Ҳамчунин Маркази барномаҳои байналмилалӣ эълон менамояд, ки барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо оғоз шудааст.

Барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 47, шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд ё бо телефонҳои 221-18-83, 223-23-57 дар тамос шаванд.