Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


«Тараннумгари сухан»-таҳти ин унвон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мешавад

21.02.2020

ysbecVhL1Z0X2wyeEOYD.jpg

Аз 2 то 9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фестивал бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар фестивал озмунҳои гуногун аз қабили озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона- «Китобчаи дӯстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон «Барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО», сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», «Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон», «Ровиёни ҷавон» баргузор мегарданд. Дар доираи фестивал инчунин  вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст.

Фестивали имсола ба ифтихори 29-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди Наврӯзи байналмилалӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 — 2028», Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин ҷашну зодрӯзи адибону олимон ва таълифи китобҳои тозанашре, ки солҳои 2019 — 2020 интишор ёфтаанд, бахшида мешавад.

Дар Фестивали мазкур  аҳли илму адаб иштирок менамоянд.

Ғолибони озмунҳои фестивал бо китобҳо, туҳфаҳо, армуғонҳо, ифтихорномаву дипломҳо мукофотонида мешаванд. Инчунин созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои  ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.

Маълумот оид ба Низомномаи феставилро метавон аз сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.vfarhang.tj/ пайдо кард.