Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ДОИР ГАРДИД

10.01.2020

Fq3STaz1ABUC82pHEnBx.jpg

10-уми январи соли 2020 дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он С. Давлатзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ш. Ашуриён-раиси Шӯрои директорон, Ҷ.Назарзода-намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро Шаҳло Ашуриён-директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ҳамзамон раиси Шӯрои директорон оғоз намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои баррасишаванда шинос кард. 
Сипас, С.Давлатзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, зикр кард, ки нақши Шӯро дар баланд шудани масъулиятшиносӣ ва сифати таҳсилот бузург буда, фаъолияти доимии он барои ба низом даромадан ва ҳали як қатор мушкилоту проблемаҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, муовини вазир дар бораи ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати қабул ба муассисаҳои таълимӣ, пешгирии одатҳои номатлуб ва гаравиши ҷавонон ба равияҳои экстремистӣ ҳарф зада, сари вақт иҷро намудани супориш ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо намуд.
Дар идомаи Шӯро вазъи омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва рушди паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ш. Исматуллозода-директори Коллеҷи омӯзгорӣ ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иттилоъ дод, ки Коллеҷи омӯзгори тамоми шароитҳоро ҷиҳати рушди забонҳои русию англисӣ дар муассиса фароҳам оварда, барои маҳдуд намудани норасоӣ дар ин самт чораҳо меандешанд. Ҳамчунин, У.Асрорзода-директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ вобаста ба рушди паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ суханронӣ намуд. 
Дар рафти ҷаласа, ҳамзамон, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тафсир ёфта, ҳамчунин, масъалаи таҳия ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар идома, ҳисоботи раиси Шӯрои директорон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 шунида шуд.
Зимни ҳисобот Ш.Ашуриён-раиси Шӯрои директорон иттилоъ дод, ки лоиҳаи Нақшаи кори Шӯро омода шуда, ба ҳамагон дастрас карда шудааст ва хоҳиш мешавад, ки фикру назари худро изҳор доранд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои ҷорӣ, вобаста ба проблемаву мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли онҳо дар самти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби С.Давлатзода-муовини вазири маориф ва илм ба иштирокдорон як қатор дастуру супоришҳо дода шуд.