Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД

31.01.2020


31-уми январи соли ҷорӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Дар он 56 намояндаи расонаҳои иттилоотии дохилу хориҷи кишвар, давлатию мустақил, аз қабили шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон», «Синамо», «Душанбе», радиоҳои «Ховар»,  «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Имрӯз», «Овози тоҷик», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Минбари халқ»,  «Омӯзгор»,  «Мароми пойтахт», «Паёми Душанбе», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Пайёми донишҷӯ», «СССР», «Азия плюс», «Фараж», «Дайджест-пресс», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», «Маорифи Тоҷикистон», «Хорпуштак», «Ҳарфи омор», «Илм ва ҳаёт», оҷонсии иттилоотӣ ва хабаргузориҳои «Ховар», «Авесто», «Озодӣ»,  «ВВС», «ИТАР ТАСС», «Мир», «Интерфакс», «Рейтер», «РИА Новости», «Россия сегодня», намояндагони Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татқиқоти журналистии Тоҷикистон иштирок намуданд. 
Нишасти матбуотии вазорат тариқи саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», гузариш ба алифбои форсӣ, вобаста ба вазъи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин қарор доранд, зиёд кардани соатҳои дарсии фанҳои забони русӣ ва англисӣ, аз омӯзгорон дархост намудани мақола барои гирифтани тахассус, норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ,  қабули кӯдакони то синни ҳафтсола ба муассисаҳои таълимӣ, таҷдиди назар кардани китоби дарсии «Физика»-и синфи 7, барои дидорбинӣ додани иҷозат ба наздикону пайвандони кӯдакони аз Сурияву Ироқ баргардонидашуда,  теъдоди мактабҳои дар соли 2020 сохташаванда, ҷалби донишҷӯён ба роҳпаймоӣ ва маршировкаҳо, ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва гунаҳкор донистани олимон ба асардӯздӣ аз ҷониби «Диссернет» ва чанде дигар вазири маориф ва илм М. Имомзода, муовини якуми вазир М. Саломиён, муовини вазир Л. Назирӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки барои намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 бо забони давлатӣ таҳия гардида, нусхаи электронии он ду рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ ба унвонии тамоми расонаҳои иттилоотӣ ирсол гардида, ҳамчунин, дар шакли китобча чоп ва дар рӯзи нишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.


Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм