Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия эълон намуд

17.03.2020

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2020/2021 вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия оғоз гардид. АМИТ “Ховар” матни пурраи эълони Маркази барномаҳои байналмилалиро манзури хонандагон мегардонад:

«Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон ва хоҳишмандон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2020/2021 вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои:

Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Саратов;

Донишгоҳи давлатии Оренбург;

Донишгоҳи давлатии техникии нафту гази Уфа;

Донишгоҳи давлатии Кемерево;

Донишгоҳи давлатии гуманитарӣ-технологии Орехово-Зуева;

Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи Шарқи Дур;

Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии технологии Олтой;

Донишгоҳи давлатии аграрии Мичуринск;

Донишгоҳи технологии Россия МИРЭА;

Донишгоҳи технологии алоқа ва информатика Москва ва дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” оғоз гардидааст.

Барои номнавис шудан хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47 муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-18-83″.