Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


ЭЪЛОН!

18.01.2022


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмунро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон менамояд.
Довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:
- рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ);
- бо баҳои хубу аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир;
- дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат намояд;
Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияро доранд ҳуҷҷатҳои зеринро то 15 – уми феврали соли 2022, соати 17-00 бо нишони шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 50, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бояд пешниҳод намоянд.
- аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;
- тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ;
- рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст;
- 3 дона расми андозааш 3х4;
- нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
Шакли супоридани санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда қабул карда мешавад.
Телефонҳо барои маълумот: 2341680, 934603031, 900603031, 777150707