Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзҳои зерин ҳамчун рўзҳои ид қайд карда мешаванд

28.11.2019

- Соли нав - 1 январ;
-Рўзи кормандони маќомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия– 10 январ; 
- Рӯзи кормандони мақомоти гумрук - 22 январ;
- Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ- 25 январ;
- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;
- Рӯзи Модар - 8 март;
- Рӯзи матбуот - 11 март;
-Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура – 14 март;
- Иди Сада – якшанбеи дуюми моҳи март;
- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;
- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;
- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;
- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ - 18 апрел;
- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе – шанбеи сеюми моҳи апрел;
- Рӯзи илми тоҷик – якшанбеи сеюми моҳиапрел;
- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;
- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;
- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;
- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;
- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;
- Рӯзи Шашмақом - 12 май;
- Рӯзи байналмилалии оила -15 май;
- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;
- Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология – 25 май;
- Рӯзи адвокатҳо - 26 май;
- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;
- Рӯзи кимёгарон – якшанбеи охири моҳи май;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;
- Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обу ҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 июн;
-Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ – якшанбеи якуми моҳи июн;
- Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук – якшанбеи дуюми моҳи июн;
- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;
- Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия - 6 июл;
- Рӯзи маъюбон - 8 июл;
- Рӯзи моҳипарварон – якшанбеи дуюми моҳи июл;
- Рӯзи металлург – якшанбеи сеюми моҳи июл;
- Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ - 25 июл;
- Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ - 30 июл;
- Рӯзи варзишгарон - 10 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон – якшанбеи дуюми моҳи август;
- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ - 17 август;
- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи тиб - 18 август;
- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон – якшанбеи сеюми моҳи август;
- Рӯзи ангиштканон – якшанбеи охири моҳи август;
- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;
- Рӯзи дониш - 1 сентябр;
- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;
- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;
- Рӯзи китоб - 4 сентябр;
- Рӯзи кормандони саноати нафту газ – якшанбеи авали моҳи сентябр;
- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;
- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;
- Рӯзи роҳсозон – якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
- Рӯзи кормандони ҷангал – якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;
- Рӯзи мошинсозҳо – якшанбеи охири моҳи сентябр;
– Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ – 29 сентябр
- Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;
- Рӯзи куҳансолон - 1 октябр;
- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;
- Рӯзи омӯзгорон – якшанбеи якуми моҳи октябр;
- Рӯзи кишоварзӣ - 8 октябр;
- Рӯзи Фалак - 10 октябр;
- Рӯзи кормандони мақомоти адлиява суд – якшанбеи дуюми моҳи октябр;
- Рӯзи соҳибкорон – 14 октябр;
- Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;
- Иди Меҳргон – якшанбеи сеюми моҳи октябр;
- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябр;
- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;
- Рӯзи милитсия - 10 ноябр;
- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр
- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;
- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;
- Рӯзи геологҳо – 9 декабр;
- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр
- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;
- Рӯзи энергетика - 22 декабр;
- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ - 28 декабр;
- Иди Рамазон – ҳарсол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад; 
- Иди Қурбон – ҳарсол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад.

Рӯзҳои иди ғайрикорӣ
Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
- 1 январ - Соли нав;
- 8 март – Рӯзи Модар;
- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;
- 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
- 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Рӯзи иди Рамазон - ҳарсол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад;
- Рӯзи иди Қурбон - ҳарсол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад.