Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Дар Вазорати маориф ва илм барои пешгирӣ аз коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфтааст

03.03.2020

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз  сирояти коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд.

Роҳбарии Ситоди мазкурро Вазири маориф ва илм, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба уҳда дошта, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ аъзои он мебошанд.

Тибқи нақшаи кории ситод ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст, ки дар дохили муассисаҳо тозагӣ ва меъёрҳои гигиению беҳдоштиро риоя намуда, маводи зидди вирусӣ, аз ҷумла ниқобҳоро истифода намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳолати сироятёбӣ ба вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, бо вуҷуди ин, бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад.  Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Бино ба зикри манбаъ, аз ҷониби роҳбари ситод ба масъулин дастур дода шудааст, ки дар тамоми мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ маводи хӯрокӣ ва маводи зиддивирусӣ харидорӣ ва захира карда шуда, аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ карда шавад.

Инчунин тавассути дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ аз ҷониби омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, масъулини соҳа, шурӯъ аз муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро оид ба пешгирии ҳама гуна вирусҳо ба роҳ монанд, гигиенаи шахсӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштиро дар ҷойҳои корӣ риоя намоянд. Масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон, махсусан бо тифлони навзод ба мардум пешниҳод намоянд.