Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Сарлавҳаи асосӣ

ddfe56359c7db0fe44e7956d0e8d4bac.jpg


699c7d140d539dae1cd29cb75002f0bf.PNG

Рӯйхати гирандагони степендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2018-2019 Ҷадвали дарсӣ.jpg

Тақвим

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3

World_Water_Decade_Logo_Horizontal.png
OYVW.gif

Sae-hi.png


Беҳтарин Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия муайян гардид

27.12.2019


27-уми декабри соли 2019 дар Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” баргузор гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия К. Назаров ба иштирокчиён дар хусуси тарз ва шартҳои баргузории озмуни мазкур маълумот дод.
Мақсади баргузории озмуни “Беҳтарин маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”  ба низоми ягона даровардани фаъолияти марказҳо, ташкили фазои ягонаи иттилоотии соҳаи маориф, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва тафаккури техникии кормандони марказ, гирд овардан, омӯхтану нигоҳ доштани захираҳои иттилоотӣ, дарёфти беҳтарин марказ дар самти ташаккули технологияи иттилоотӣ, тарғиб ва ташвиқ намудани беҳтарин дастовардҳои марказ мебошад.
Қайд гардид, ки озмун тибқи чунин меъёрҳои баҳодиҳӣ: ҳисоботи эҷодӣ, мусоҳиба, усулҳои муосири идоракунӣ, навоварӣ дар фаъолият бо таври намоишдиҳӣ, нақши директор дар самти идоракунии муассиса тавассути техника ва технологияи муосир, рушди заминаи моддию техникӣ, самтҳои асосии ҳамкорӣ, саҳми директор дар ташкили таҳсилоти иловагӣ, мушкилоти ҳалталаби мактабҳо дар самти ТИК ва роҳҳои ҳалли онҳо, лоиҳаи инноватсионӣ баҳогузорӣ карда мешавад. 
Шавкат Норматов,  директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Шодмонҷон Низомитдинова, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, Латифа Тимакова – директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди маорифи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, Сайдалиев Искандар – директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи маорифи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон  ғолибони озмун гардиданд.