Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 2 3 4

Чорабиниҳо

Таҷлили Иди Меҳргон дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
16.10.2021

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009  дар ҷумҳурӣ Иди Меҳргон чун иди миллӣ  таҷлил карда мешавад.  Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад. Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил гардид. Дар ҷашни Меҳргон устодону...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
07.10.2021

Санаи 07.10.2021 дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" чорабинии фарҳангӣ бадеӣ бо муносибати "Рӯзи забон" баргузор гардид. Сараввал ин чорабинии мазкурро муаллимаҳои забон ва адабиёти Литсейи бо шеъру ғазалҳо ҳусни оғоз бахшидан. Сипас хонандагони фаъоли литсей ин чорабиниро идома дода бо шеъру суруд ва ҳаҷвҳо хотири тамошобинонро шод намуданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ
02.10.2021

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгор чорабинии идонаи бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти литсей, омӯзгорон, устодон ва хонандагон иштирок карданд.     Дар оғози чорабини Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатуллоҳ Исмоил паёми шодбошии Директори Литсей Ғайратзода Лайло Диловарро ироа намуда, устодону омӯзгоронро  ба муносибати Иди касбиашон табрик намуд. ...

Дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шукуҳ доир гардидид
08.09.2021

Санаи  08.09.2021 дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шукуҳ доир гардидид. Сараввал ин чорабиниро Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатуллоҳ Исмоил ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро ба муносибати ҷашни  истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбарияти Литсей табрик намуданд. Дар идомаи чорабинӣ хонандагони фаъоли Литсейи иштирок ва баромад намуда хонири омӯзгорон ва хонандаг...

Таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
01.09.2021

Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Дониш ҳамчун санаи муҳим таҷлил карда мешавад, ки ин шаҳодат аз таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат ба аҳли илму маориф мебошад. Санаи 1-уми сентябри соли 2021 дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии тантанавиро муовини директор оид ба тарб...

Омодагӣ ба соли нави хониш
18.08.2021

Санаи 18.08.2021 ҳамаи кормандон ва омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе" баҳри созовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муасисаи таълимӣ ҳашари дастаҷамъона барои ободу зебо гардонидани муассиса доир гашт ва инчунин соли нави хонишро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Ҳамзамон дигар синфхонаҳои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ...

Дар Литсейи Президентӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади идона доир гардид
01.06.2021

Дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии назди Литсей-интернати президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ҷамъомади  бошукӯҳи идона  баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона  Роҳбарияти муассиса Ғайратзода Лайло Диловар, Роҳбари шурои методии Литсей Назирзода Маҳмадсаид Мадисайн ва омузгорон иштирок намуда,  нахуст аз маҳсули дастовардҳои кӯдакони муассиса дидан намуда, ҳамаи онҳоро ба Рӯзи кӯдакон табрик карданд. ...

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ НАВРАСОН МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-6.
28.05.2021

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" чорабини бахшида ба дастоварди навбатии хонандагон, ки дар олимпиадаи фаннӣ ҷумҳурияви миёни синфҳои 5-6 баргузор шуда буд доир гашт. Сараввал Роҳбари ГИСТ, Раиси Шӯрои методии Литсей Назирзода Маҳмадсаид Мадисайн хонандагонро бо ин дастоварди навбатиашон, ки 5 медали тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварда буданд табрик намуда  бо онҳо хониши хубу аъло ва дар дастовардҳои ояндаашон комёбиҳо орзу ...

Қадрдонии хонандагон ва омӯзгорони Литсейи Президентӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
19.04.2021

19 апрели соли 2021 дар фазои тантанавӣ як қатор ҳайати омӯзгорону хонандагони Муасиссаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе" барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, омодасозии хонандагони лаёқатманд, инчунин дониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳур...

ЧОРАБИНИИ БАДЕӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
06.03.2021

Дар Литсейи Президентӣ барои барои хонандагони болаёқати  Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ бо иштироки васеи омӯзгорон ва кормандон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони синфҳои болоии Муасисса бо як масъулияти баланд ҳунарнамои намуданд. Дар ин ҳамоиш идона роҳбари собиқи Литсей Исмоилзода Баҳром Мансур иштирок ва суханрони намуда ва ба шогирдоне, ки дар ин чорабини иштирок намуданд баҳои баланд доданд. Инчунин ҳамаи бонувонро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфтанд.


Афиша 1 - 10 из 39
Начало | Пред. | 1 2 3 4 | След. | Конец