Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

«БИШНАВ АЗ НАЙ…». Дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид

30.09.2022

Количество просмотров: 3244

Санаи 30.09.2022 дар Муасиссаи давлатии таълимии  "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатуло Исмоил сараввал ба ҳамаи омӯзгорони литсей паёми табрикии директори литсейро ироа намуда зикр намуд, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу оромии кишварамон зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷашнҳои милливу таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос ва арҷ гузоштан ба фарҳанги гузаштагонам дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ баргузор мегарданд.

«Воқеан ҳам арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламгир ва мероси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезу тунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад»

Сиддиқзода Баракатуло Исмоил изҳор кард, ки Мавлоно аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ҷалолуддини Балхӣ бо осори орифонаю безаволи худ, аз ҷумла «Маснавии Маънавӣ» бо гузашти асрҳо дили ҳаводорони каломи манзумро тасхир намудааст.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Давлатова Саодат Абдуллоевна бо як руҳияи қавӣ баромад намуда тазаккур дод, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш аз 800 сол инҷониб маъруф аст.

Сипас хонандагони фаъоли литсей аз мазмуну осори гаронбаҳои ин Мавлои бузург ёдовар шуда баҳри болидахотир намудани омӯзгорони литсей шеъру рубоёти эшонро пешкаш намуданд. 

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон