Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Ҷараёни тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби устодону хонандагон ва кормандони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараёни тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби устодону хонандагон ва кормандони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷараёни тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби устодону хонандагон ва кормандони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.12.2021

Количество просмотров: 5124

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар, тариқи ҳама шабакаҳои телевизиони ва радиои мамлакат мустақиман пахш гашта истодааст роҳбарият ва кормандони МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон"   бо як таваҷҷуҳи хосса тамошо намуданд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём, аз ҷумла, қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад ва бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем.  
-Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд, таъкид доштанд Пешвои миллат. 

Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон қариб бо 180 давлати дунё робитаи байналмилаливу дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоратӣ -иқтисодӣ дорад.  

269728568_280257224145826_1042575632425184142_n.jpg

Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе