Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Литсейи Президентӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Литсейи Президентӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Литсейи Президентӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Литсейи Президентӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Литсейи Президентӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Литсейи Президентӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд

24.11.2021

Количество просмотров: 380

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Литсейи Президентӣ бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Чорабинии мазкурро Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатулло Исмоил ҳусни оғоз бахшида ба ҳамагон паёми табрикии роҳбарияти муаcсисаро ироа намуда ва ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро метавон иди баландбардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Ҳамзамон таҷлили ин рӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд донист.

Инчунин дар ин чорабинӣ бо ташаббуси роҳбари Созмони хонандагони литсей Усмонов Абдулхайр 95 нафар хонандагони синфи 5-ум ба зинаи ,, Ворисони Сомониён'' қабул гардиданд.
Дар охир баҳри фароғати иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд.

photo_2021-11-24_14-37-40.jpg

Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе