Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Литсей-интернати Президентӣ

Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Литсей-интернати Президентӣ Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Литсей-интернати Президентӣ Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Литсей-интернати Президентӣ

16.11.2021

Количество просмотров: 5917

Санаи 16.11.2021  дар Литсей-интернати Президентӣ барои кудакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҷлил гардид. Дар ин чорабинии мазкур омӯгорон, устодон ва хонандагони фаъоли литсейи иштирок карданд. Чорабинии мазкурро хонандагони синфҳои болоии литсей ҳусни оғоз бахшида аз корнамои ва хизматҳои президенти кишвар суханрони намуданд. Зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва тарақиёти давлатдории навини тоҷикон ва хусусан дар соҳаи маорифи кишвар хизматҳои барҷаста кардаанд. 

Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Иштирокчиёну омӯзгорон аз асарҳои пурғановати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон ва фаъолияти босамари Пешвои миллат дар 30 соли Истиқлолият ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Дар охир баҳри болидахотир гаштани омӯзгорону хонандагони консерти бошукуҳ доир гардид.

255460523_451642112971696_7761280432314871718_n.jpg


Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе