Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

«КОНСТИТУТСИЯ — ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ». Таҳти ин ном дар Литсей -интернати президентӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

05.11.2021

Количество просмотров: 6417

Имрӯз бо ташаббуси Роҳбарияти мусассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таълимӣ ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — ҳуҷҷати тақдирсози миллат» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Роҳбарияти Муассисаи таълимӣ Ғайратзода Лайло Диловар, Ҷонишинҳои директор оид ба таълим Назарова Рухсора Саъдуллоевна, Муқимова Гули Муминовна  ва омӯзгорону устодони фаъоли литсей ширкат доштанд.

photo_2021-11-08_10-14-57.jpg

Нахуст Роҳбарияти муасисса Ғайратзода Лайло Диловар ҳамаи омӯзгорон, устодонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта, ҳамчунин иброз намуд, ки аҳамияти таърихии ин санади тақдирсози меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург мебошад. Аз қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки он замон кишвар дар вазъияти бисёр мураккаби сиёсӣ қарор дошт, 27 сол пур мешавад. Дар ин давраи начандон зиёди таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Роҳи интихобкардаи Пешвои дурандешу заҳматпеша, ин эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаи ин абармард дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

photo_2021-11-08_10-14-29.jpg

Сипас омӯзгори фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" - и Литсей Маҷидзода Зафар суханрони намуда сараввал ҳамаи нишастагонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта ва аз нақши ин санади тақдирсози миллат ёдовар шуданд. Зикр намудан, ки ин Конститутсия роҳи имрӯз ва ояндаи миллати тоҷикро ҳал намуд ва дар сартосари ҷаҳон яке аз беҳтарин Конститутсия эътироф гардид.

Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе