Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3

Таҷлили Иди Меҳргон дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили  Иди Меҳргон дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҷлили  Иди Меҳргон дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.10.2021

Количество просмотров: 6371

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009  дар ҷумҳурӣ Иди Меҳргон чун иди миллӣ  таҷлил карда мешавад.  Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад.
Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил гардид. Дар ҷашни Меҳргон устодону муаллимон ва  хонандагони Литсей   маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро, ки бо як дастархони зебои тоҷикона оро дода шуда буд пешниҳоди тамошобинон намуданд. Ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд».
Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Аз ин рӯ ҷашни мазкур ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил карда мешавад. Меҳргон воқеан ҳам ҷашни  мардумӣ буда, маҳбубияти он  аз замонҳои бостон то ба рӯзгори мо расидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсола ба муносибати ҷашни Меҳргон зикр намуданд: «Соли ҳафтум аст, ки мо ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаем. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад».

photo_2021-10-16_12-42-24.jpg

Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе