Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 1 3
4 5 6 8 9 10
11 12 13 14 15 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

01.09.2021

Количество просмотров: 286

Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Дониш ҳамчун санаи муҳим таҷлил карда мешавад, ки ин шаҳодат аз таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат ба аҳли илму маориф мебошад.

Санаи 1-уми сентябри соли 2021 дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавиро муовини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Баракатуллоҳ Исмоил ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва хонандагонроро ба Литсей хайрамақдам намуданд. Сипас сухани табрикотии директори Литсейро Сиддиқзода Баракатуллоҳ Исмоил ироа намуда, қайд намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ- техникии Литсей сол то сол мустаҳкамтар гардида, шароиту имкониятҳои омода намудани шогирдон ба макотибҳои олии кишвар ва хориҷи кишвар бештар гардида истодаанд. Қайд гардид, ки рушди соҳаи маориф яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, тамоми тадбирҳо ҷиҳати рушди ин соҳа андешида шуда истодаст. Аз ҳамаи хонандагон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи интихобкардаи хеш устувор бошанд, илм омӯзанд ва дар рушду нумӯъи Ватани маҳбуб саҳмгузор бошанд.

241027595_403904924412082_7931750873708799751_n.jpg

Инчунин дар чорабинӣ хонандагони синфҳои болоии Литсей тамоми хонандагони соли аввали таҳсил матни табрикоти ироа намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи дастаи ҳунарии Литсей як барномаи рангин ба хонандагон ва омӯзгорон пешниҳод гардид. Зикр бояд кард, ки барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, писанди ҳамагон гардид.

241051601_403904767745431_1157906415004895991_n.jpg


Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон