Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Қадрдонии хонандагон ва омӯзгорони Литсейи Президентӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Қадрдонии хонандагон ва омӯзгорони Литсейи Президентӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Қадрдонии хонандагон ва омӯзгорони Литсейи Президентӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Қадрдонии хонандагон ва омӯзгорони Литсейи Президентӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

19.04.2021

Количество просмотров: 15705

19 апрели соли 2021 дар фазои тантанавӣ як қатор ҳайати омӯзгорону хонандагони Муасиссаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе" барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, омодасозии хонандагони лаёқатманд, инчунин дониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар толори Литсейи Президентӣ бо омӯзгорону хонандагони муассиса вобаста ба фаъолнокии ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иштироки фаъолона доштан дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва саҳмгузорӣ намудан дар чорабиниҳои фарҳангӣ мулоқот доир гардид, ки дар баргузории мулоқоти мазкур Исмоилзода Баҳром Мансур - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Ғайратзода Лайло Диловар - директори Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми фазои тантанавӣ, хонандаи синфи 7 - и Литсейи Президентӣ - Саидов Абубакр бо стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

176009943_304180524430959_7053758192309008881_n.jpg


Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе