Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22.02.2020

Количество просмотров: 25205

Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ доир гардид. 

Ҷонишини директор оид ба тарбия Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич аз таърих ва роҳи тайинамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки бисту ҳафт сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.

Ҷонишини директор оид ба тарбия Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич гуфт,  ки аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтаанд. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад.

Таъкид шуд, ки ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Ҳоло Артиши миллии  мо таъминкунандаи амнияти ҳар сокини мамлакат буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ  хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони ниҳодҳои қудратиро мутахассисони касбӣ ташкил медиҳанд.

Зимни ҷамъомад зикр гардид, ки ҳоло Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфта, бо техникаи ҳарбии пурқувват, иншоот ва таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин гардидаанд.

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати президентӣ