Меъёрҳои ҳуқуқӣ ва санадҳо, маводҳои методӣ доир ба амалҳои коррупсионӣ
Мушкилоти асосии коррупсия аз он иборат аст, ки вай ба сохторҳои идораи давлатӣ, хоҷагии халқ, соҳаи иҷтимоӣ ва умуман ба ҷамъият зарари калон меорад. Ҳолати аслии коррупсия ин ҷавобест ба баҳри аз бефаъолиятӣ дар кори механизмҳои мавҷудаи идоракунӣ дар шакли истифодаи камбудии онҳо, вайрон намудан ё иваз намудани механизмҳои идоракунӣ ба шаклҳои коррупсионӣ, ки ба ҷамъият ва давлат заруранд.
ба таври доимӣ оид ба рафти амалӣ шудани Барномаи зиддикоррупсионӣ дар литсей ба мардум иттилоъ додан;
фароҳам овардани оштинопазирии ҷамъиятӣ ба ҳодисаҳо ва шароитҳои ба вуҷудовардани коррупсия,
фаҳмондан ва эзоҳ додани қонунгузории амалкунанда дар самти пешгирӣ намудани коррупсия ба омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ;
дар нақшаҳои тарбиявии роҳбарони синфҳо ва мундариҷаи соатҳои тарбиявӣ ҷорӣ намудани тадбирҳо оид ба қонунгузории зидди-коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза бо коррупсия;
барқарор намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо коррупсия дар литсей;
ташвиқу тарѓиб намудани барномаҳои зиддикоррупсионӣ бо муваффақият амалишавандаи давлатҳои хориҷӣ.
Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беѓаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1 . Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ѓайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ѓайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— муқовимат ба коррупсия — таъмини талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия, таҳия, қабул ва амалисозии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия; (қҷт. 14.03.2014 №1073)
— истифодаи мақом ё имкониятҳои он – истифодаи якдафъагӣ, такрорӣ ё мунтазами ваколатҳои хизматӣ ва суиистифодаи мансаб, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувори як ё якчанд шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда бо шахсон ё гурўҳҳои алоҳида бо мақсадҳои дар сархати 1 ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷамъият таҳдид мекунанд;
— ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, ҳамчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштае мебошанд, ки боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқии гражданӣ ва ҷиноӣ мегарданд;
— субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ѓайриқонунӣ неъматҳоимоддию ѓайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигарро пешниҳод менамоянд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор – шахсоне, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишѓол менамоянд, ҳамчунин шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— шахсони ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда – шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишѓоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— вазифаҳои давлатӣ — вазифаҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишѓол менамоянд, мансуб донистаанд;
— хешовандони наздик – зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, доиодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд. (қҷт. 26.12.2011 №772)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Мубориза бар зидди коррупсия, бо ба вуҷуд овардани шароити поктинатӣ барои шахсоне, ки дар сархати 4 моддаи 1 ҳамин Қонун номбар шудаанд, дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
— эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд, қонуният ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти онҳо ва назорати давлативу ҷамъиятӣ аз болои ин субъектҳо;
— такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл доранд;
— эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархўрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ;
— роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
— аз тарафи давлат муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба онҳо ва аҳли оилаашон сатҳи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд;
— манъ будани ваколатдоркунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ машѓулбуда ба танзими давлатӣ ва назорат аз болои фаъолияти соҳибкорӣ;
— пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ. (қҷт. 26.12.2011 №772)
Моддаи 5. Мақомоти мубориза бар зидди коррупсия
Моддаи 51. Субъектҳои муқовимат ба коррупсия
Моддаи 52. Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 61. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо мақсадҳои пешгирии коррупсия ва мубориза бо он ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. (қҷт. 26.12.2011 №772)
БОБИ 2. ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ КОРРУПСИЯ
Моддаи 7. Талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор
Моддаи 8. Чораҳои назорати молиявӣ
— дар бораи даромадҳои аз тамоми манбаъҳо гирифтаи онҳо;
— молу мулки ѓайриманқул ва манқули арзишашон дар алоҳидагӣ зиёда аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз ҷумла молу мулки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда ё муваққатан дар ихтиёри шахси дигар буда бо нишон додани арзиш ва суроѓаи он; (қҷт 06.11.08 №419);(қҷт. 26.12.2011 №772)
— дар бораи пасандозҳои бонкӣ, аз ҷумла дар бонкҳои хориҷӣ доштаашон ва коѓазҳои қиматноке, ки шахсан ё ҳамроҳи дигарон ихтиёрдорӣ мекунанд;
— дар бораи иштироки бевосита ё бавосита ба сифати саҳмгузор ё иштирокчии ширкату ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар субъектҳои хоҷагидор ва фондҳо бо нишон додани шакли иштирок ва фоизи моликият дар онҳо;
— дар бораи қарзҳои ҳаҷмашон бештар аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва дигар ўҳдадориҳои молиявӣ, аз ҷумла дар хориҷа; (қҷт 06.10.08 №419)
— маълумот оид ба молу мулки аъзои оила. (қҷт. 26.12.2011 №772)
Моддаи 9. Мамониатҳо барои таъин (интихоб) намудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда
— мавҷудияти доѓи судӣ барои ҷинояти барқасдона содир намуда, агар ин доѓи судиаш аз байн нарафта ё аз рўи тартиби муқарраркардаи қонун бардошта нашуда бошад;
— ѓайри қобили амал эътироф кардан ё маҳдуд намудани қобилияти амали шахс бо қарори суд;
— надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мавҷудияти онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазифаи мазкур ҳатмӣ мебошанд;
— бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишѓолшаванда ё ишѓолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики ў ишѓол кардаанд;
— дар сурати шаҳрванди давлати хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар роҳ додани чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;
— дар дигар мавридҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
Моддаи 10. Маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробар кардашуда
— ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишѓолкунии мансаби штатӣ, ѓайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ машѓул шавад;
— аз рўи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақоми давлатие, ки дар он ҷо хизмат мекунад ё бевосита тобеъ ё бевосита таҳти назорати он мақом қарор дорад, вакили шахсони сеюм бошад;
— шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба соҳибкорӣ машѓул шавад. Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ўҳдадор аст, ки ҳиссаи (саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар давраи дар хизмати давлатӣ буданаш таҳти кафолат ба идоракунии эътимоднок диҳад;
— воситаҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, дигар захираҳои давлатӣ ё коллективӣ ва ахбороти хизматиро ба мақсадҳои ѓайрихизматӣ истифода намояд;
— барои хизмате, ки аз рўи вазифаҳои хизматии худ анҷом додааст, инъомҳо гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тўҳфа диҳад ва хизмат расонад, ба истиснои тўҳфа ва армуѓонҳои рамзӣ дар чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар. Арзиши умумии тўҳфаҳои гирифташуда дар давоми сол аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо набояд зиёд бошад; (қчт 06.10.08 №419)
— аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба саёҳат ва сафарҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва хориҷии муолиҷавӣ — табобатӣ, саёҳатӣ ва дигар сафарҳо равад, ба истиснои сафарҳо бо даъвати хешовандони наздик ва аз ҳисоби онҳо ва сафарҳо дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо мувофиқаи байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз ҳисоби мақомоти давлатии дахлдор ё ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегиранд;
— супоришу дастурҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва субъектҳои хоҷагидорро, ки ба хизмати мақомоти давлатӣ дахл доранд, ба ҷо оварад ё мақоми хизматии худро ба манфиати онҳо истифода барад;
— бар хилофи манфиати кор бюрократизм, идорабозӣ ва маҳалгароӣ зоҳир намояд, нисбати ягон ташкилот, мақомот, иттиҳодияҳои шаҳрвандон ё шахси мушаххас бадхоҳ ё хайрхоҳ бошад;
— барои дар матбуот, радио ва телевизион интишор ва пахш гардидани мақолаю баромадҳои дар чорабиниҳои расмӣ ба сифати хизматчии давлатӣ баёнкарда, ки таҳияи онҳо ба ўҳдадории хизматиаш дохил мешавад, ҳақи қалам гирад.
Моддаи 11. Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд ва ҷавобгарӣ барои онҳо
— истифодаи мақоми худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои шахсӣ, хешовандони наздик ё шахсони сеюм дахл доранд;
— монеъ шудан ё ѓайриқонунӣ дахолат кардан ба иҷрои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ дар қаламрави муайян, ё нисбати объектҳо ва ё шахсони мушаххас;
— иштирок ба сифати намояндаи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рўи корҳои мақоме, ки ин шахс дар он ҷо кор мекунад ё зердасти вай мебошанд ё фаъолияти онҳоро назорат мекунад;
— иштирок дар қиморбозиҳои пулӣ ё қиморбозиҳои дигари характери молумулкӣ дошта бо шахсонимансабдори болоӣ ё тобеъ ва ё аз ягон ҷиҳати корӣ ё хизматӣ ба онҳо тобеъ; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— машѓул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, узвият дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё мақомоти идоракунии онҳо;
— пешбарӣ ва (ё) таъин намудан ба мансаб ба сифати шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, дар сурати мавҷуд будани мамониатҳо барои ишѓол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ё дидаву дониста риоя накардани маҳдудиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун дар мавриди хизмати якҷояи хешовандони наздик, дидаву дониста, ѓайриқонунӣ аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;
— пешниҳоди бартариятҳои бо қонун пешбининагардида (протексионизм) зимни таъин ва (ё) пешбарӣ ба хизмати давлатӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигари ба онҳо монанд;
— вайрон кардани тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ба назар нагирифтани бартарият, имтиёзҳо ва навбати бо қонунгузорӣ ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ё аз ҳолатҳои мушаххас бармеомада дар мавриди ҳалли онҳо;
— ѓайриқонунӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаб намудани иҷрои шартҳои иловагӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва талаботи дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининагардида, ба вуҷуд овардани дигар монеаҳои сунъӣ ва ѓайриқонунӣ зимни таъин (интихоб) намудан ва (ё) пешбарӣ намудан ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ҷобаҷогузорӣ, ҷойивазкунӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва дар мавриди амалӣ намудани дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва вазифаҳои хизматчии давлатӣ;
— ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои мансабӣ аз рўи ѓараз ва манфиати шахсӣ қабул намудани қарорҳо ва дигар санадҳои ѓайриқонунӣ, содир намудани амалҳои ѓайриқонунӣ, аз ҷумла оиди ба кор қабул намудан ва аз кор озод намудани шахс ва дигар амалҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро поймол мекунанд ва ба онҳо зарар мерасонанд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— пешниҳод намудани (гузашт кардани) ваколатҳо оид ба танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба чунин фаъолият машѓуланд.
— барои фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои дахлдорро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ дар шакли пул, хизматрасонӣ ва дигар шаклҳо гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд;
— қабул кардани тўҳфа ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда аз шахсони аз рўи вазифа тобеъ (ба истиснои армуѓонҳои рамзӣ ва нишони эҳтиром ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест), инчунин пешниҳод намудани ин гуна тўҳфаву хизматрасониҳо ба шахси мансабдори болоӣ; (қҷт 06.10.08 №519); (қҷт. 26.12.2011 №772)
— истифодаи бартариятҳои бо қонун пешбининагардида дар гирифтану баргардонидани кредит ва қарзи бонкӣ ва дигар ташкилотҳо, харидани коѓазҳои қиматнок, амволи ѓайриманқул, дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои дигар ўҳдадориҳо; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— додани бартарият ва имтиёзҳои ѓайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ, дигар фармоишҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият маблаѓгузоришаванда, тақсимоти воситаҳои молиявию моддӣ, захираҳои энергетикӣ ва табиӣ, пардохти андозҳо ва баргардонидани қарзҳо ва иҷрои дигар ўҳдадориҳои молиявию моддӣ;
— бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи моликият ё ба истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони воқеӣ ройгон додани захираҳои молиявӣ ва моддии ба фондҳои давлатӣ, субъектҳои давлатии хоҷагидор ва дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқдоштае, ки дар моликияти онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад;
— бо мақсадҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва мақсадҳои дигари ѓайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблаѓҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои адои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, агар он бо қонунҳо пешбинӣ нагардида бошад, ба манфиатҳои давлат зарар расонад; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— таъсис додан (ташкил кардан) ё аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ маблаѓгузорӣ намудани ташкилотҳои тиҷоратие, ки ба муассис (буҷети давлатӣ, ташкилотҳои мазкур) ҳисса ҷудо намекунанд;
— восита ва захираҳои молиявию моддии давлатиро ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронидан; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— беасос иҷро накардани дархост, пешниҳод, амр, дастур, қарор ва дигар санадҳои дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назоратӣ, ва суд; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— ба манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба даст омада, паҳнкунии он манъ карда шудааст;
— ѓайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, риоя накардани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ѓайриқонунӣ барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, дахолат ба таъин (интихоб) ба мансаб ва аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои хоҷагидори ѓайридавлатӣ, маҳдуд намудани рақобат дар бозори мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ); (қҷт. 26.12.2011 №772)
— ѓайриқонунӣ аз ҳисоб баровардан, вайрон кардани тартиби нархгузорӣ ва ба фурўш бароварданимолу мулк, гузаронидани музояда ва тендерҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ ва хариди давлатии мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонидааст, инчунин аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ худсарона ба иҷора додан ё фурўхтани молу мулки давлатӣ; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— ѓайриқонунӣ ё бо шартҳои ба манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо ошкоро номувофиқ ба истифода, киро ё иҷора додани воситаҳои асосӣ, замин ва дигар сарватҳои моддию табиӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ѓайриқонунӣ рад намудани додан ё кашида гирифтани онҳо;
— пинҳон намудан аз баҳисобгирӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоршуда, ѓайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намудан ё доир ба ин ҳуқуқвайронкуниҳо қабул намудани қарорҳои ошкоро ба вазнинии кирдор номувофиқ, инчунин надидани чораҳои барқароркунии зарари бо ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ расонидашуда;
— тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, аҳдҳо вашартномаҳо, эъломияҳо, ҳуҷҷатҳои ибтидоии муҳосибавӣ оид ба хариду фурўш, тўҳфа кардан, иваз намудан, гарав, молтаъминкунӣ, киро, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан, харид намудан ва дигар аҳдҳо оид ба ихтиёрдорӣ, истифода ва интиқоли молу мулк (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки дар онҳо нарх, миқдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва дигар нишондиҳандаҳои амвол (мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) таҳриф карда шуда, ба ин восита ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъӣ, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки қонунгузорӣ пешниҳодкунии онро аз ҷониби ин шахсон пешбинӣ намекунад, ё рад кардани ба онҳо додани чунин санаду маълумот, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, кашол додани пешниҳодкунии маълумот, додани маълумоти нопурра ё таҳрифшуда, беасос кашида гирифтан ё ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо тааллуқдоштаи тасдиқкунандаи ҳуқуқ;
— ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ѓайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида ҷиҳати моилкунии онҳо ба кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) дахлдор ба манфиати шахси пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматҳо. Шахсоне, ки неъматҳои моддиву ѓайримоддӣ, тўҳфа ва хизматрасониро ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда дар натиҷаи тамаъҷўии онҳо пешниҳод намуда, дар ин бора ихтиёрӣ ба мақомоти мубориза бар зидди коррупсия хабар додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд;
— ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумоти мавҷуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;
— ба мақомоти барои баррасӣ ва қабули қарор ваколатдор пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санад ва маводи тафтишу санҷиш, ки дар онҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо маълумот мавҷуд, астсарфи назар аз натиҷаҳои он; (қҷт. 26.12.2011 №772)
— саркашии бадқасдонаи шахси ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ваколатдор ё роҳбари ташкилот аз барасмиятдарории амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, ки қонун пешбинӣ кардааст, ё ба асноду ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибавӣ ва оморӣ даровардани маълумотҳои таҳрифшуда оид ба фаъолият ё амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, инчунин нобуд кардани асноди молиявӣ ва дигар асноди баҳисобгирӣ.
Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ(қҷт. 26.12.2011 №772)